Тамаъҷӯӣ вобаста ба аксҳои хусусияти шаҳвонидошта
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Ашт моҳи апрели соли 2024 ба воситаи шабакаи иҷтимои «Телеграмм» бо ҷавонзани 23-солаи сокини ноҳияи Спитамен шиносоӣ пайдо намуда, бо роҳи таъмаҷӯӣ моҳи сентябри соли 2024, бо таҳдиди, оне ки аксҳои хусусияти шаҳвонидоштаашро ба шавҳар ва аъзои оилаашон нишон медиҳад, маблағи пулии 50 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.
Номбурда 13-уми сентябри соли 2024 дар назди меҳмонхонаи «Спитамен» бо ӯ вохӯрда бо таҳдиди паҳн намудани аксҳои урён ва навиштаҷоти охирон аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ талаб намуда гирифтааст, ки ҳангоми доду гирифти маблағи пулӣ дастгир карда шуд. Далели шайъи 1-адад телефони мобили тамғаи «Хонор-50» гирифта шуд.
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.