Вохӯрии роҳбарони Интерпол дар шаҳри Москва
Аз 16 то 19-уми сентябри соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия вохӯрии роҳбарони Бюрои миллии марказии Интерполи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Дар ин ҳамоиш Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Бюрои миллии марказии «Интерпол»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Назризода Шаҳриёр Ҷурабек ва намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намуди ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ муаррифӣ менамоянд.
Дар оғози ҷаласа бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Храпов А.И., муовини Прокурори генералии Федератсияи Россия мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1 Городов П.П. ва директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намуди ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил генерал-лейтенанти политсия Кановалов О.Ф. баромад намуданд.
Зимни вохӯрӣ музокираю мубоҳисаҳо сурат гирифта, иштирокдорон оид ба тақвияти имконияти полиси байналмилалӣ дар самти ҷустуҷӯи байналмилалӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои кибернетикӣ ва дигар масъалаҳое, ки бевосита ба фаъолияти кории ин созмон тааллуқ доранд, фикру ақидаҳояшонро иброз намуданд.
Мавриди қайд аст, ки дар кори ҳамоиш роҳбарони Бюрои миллии марказии Интерполи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намуди ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар шахсони расмӣ иштирок доранд.
Гул Маҳбуба