Дастгир гардидани ду ноболиғ бо ҷурми дуздӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 15 ва 17-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 11-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 13:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки ба марди 48-солаи сокини пойтахт тааллуқ дошта, дар кӯчаи Айнӣ беназорат меистод, 19 ҳазору 250 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.