Расонидани зарари ҷисмонӣ бо бел
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 21-уми августи соли 2024, тахминан соати 19:00 дар ҳудуди заминҳои саҳроии хоҷагии деҳқонии ба номи «С. Бобоҷонов», бинобар сабаби ба миён омадани муносибатҳои оштинопазир бо ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол намуда, бо истифода аз бел як маротиба ба дасти ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.