Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои иловагии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт
13 сентябри соли 2024 дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси ноҳияи мазкур Идизода Зарина Фузайлшо бинои иловагии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ва толор барои 200 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бинои иловагӣ аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ва дар ошёнаи дуюм толори барҳавои маҷлисгузаронӣ барои 200 ҷойи нишаст бо тарҳи зебо ва замонавӣ ҷойгир гардидааст.
Ҳамчунин Вазири корҳои дохилӣ аз корҳои ободонию созандагӣ ва таъмиру таҷдиди раёсати мазкур дар минтақаи Рашт боздид ба амал оварда, аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат, таъмини амнияту субот ва волоияти қонун як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Гул Маҳбуба