Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар
10-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 16:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-200”, Бобоев Ҷамшедҷон, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, аз самти ноҳияи Шаҳринав ба самти шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идора воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Қодиров Самир Саймиддинович, соли таваллудаш 2014, сокини шаҳри Турсунзодаро, ки роҳро убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Қодиров С.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
10-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 23:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ Х-5”, Расулов Навруз Бозорович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи А.Ҷомӣ ба самти кӯчаи Меҳвари ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба симчуби бетони канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мусофири автомашинаи мазкур Алимардонов Шаҳбоз Тағойхонович, соли таваллудаш 1995, сокини Ёвон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.
10-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 19:10-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи “МАРИХ”, Турдиев Бозорқул, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи мототсиклаш набаромада, ба замин афтида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
11-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 09:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер», Турдиев Нор Холмуродович, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Истарвашан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Ғоибов Умед Муродович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Шаҳристон бархӯрда, баъди он ба автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», таҳти идораи Раупов Мирзобаҳром Раҳмонович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Б.Ғафуров бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Қирғизбоева Шоира Ҷумаевна, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Се нафар мусофирони дигари автомашина ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.