Вохӯрии якуми вазирони амнияти ҷамъиятӣ ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ
10 сентябри соли 2024 дар ҳошияи Форуми байналмилалӣ оид ба таъмини амнияти фаромиллӣ, ки дар шаҳри Лянюнгани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ҷаласаи якуми вазирони амнияти ҷамъиятӣ ва корҳои дохилии давлати Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид.
Дар кори он вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирок намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дастаҷамъонаи давлатҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ба роҳ мондани роҳҳои нави ҳамкорӣ, коркарди механизмҳои нави самарабахш оид ба ҳамкориҳои васеъ ва дигар мавзӯъҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд.
Гул Маҳбуба