Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни Истиқлол

7 сентябри соли 2024 бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар Раёсати бозрасии давлатии автомобилии (РБДА) Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки сардори раёсати мазкур генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам, раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонзода Саид Қаюм, шоирон узви иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ Муҳаммад Ғоиб, Нозирҷон Ёдгорӣ, ходими шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозорзода Сафаралӣ, собиқадорон, роҳбарият ва ҳайати шахсии ин ниҳод чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Пас аз сурудани Суруди миллӣ, ҷамъомади тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ сардори РБДА ВКД генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам оғоз намуда, аввалан роҳбарият ва ҳайати шахсӣ, меҳмонону собиқадоронро бо 33- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, хонаободӣ ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно намуд.
Мавсуф зимни суханронии худ аз файзу баракати даврони соҳибистиқлолӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдату дӯстии пойдор, дастоварду пешравиҳои Ватани азизамон, инчунин аввалин солҳои мушкилу фоҷиабори мустақилият давлати тозаистиқлоли тоҷик, баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва аз тарафи вакилони халқӣ Роҳбари давлат интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдатт миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда қайд кард, ки ҳар як шаҳрванди тоҷику тоҷикистонӣ хуб дар ёд дорад, ки то расидан ба ин рӯзгори осуда ва суботу оромии имрӯза мо марҳилаи басо пурталотуми таърихи навтарини худ ва роҳи пур аз хавфу хатарро паси сар намудаем.
Мавсуф зимни баромади худ қайд кард, ки воқеаҳои фоҷеабори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои миллати мо як имтиҳони ҷиддии таърихӣ буданд ва мо аз он даврон барои имрӯзу ояндаи худ сабақ гирифтаем.
Бинобар ин ҳар яки мо вазифадор ва масъул ҳастем сарҷамъу муттаҳид бошем, сулҳу суботи бо қимати ниҳоят гарон ба даст овардаамонро ҳифз кунем, манфиатҳои давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем ва барои ободии Ватан, рушди давлат ва таъмини зиндагии осоиштаи халқамон софдилона хизмат намоем.
Дар идомаи чорабинӣ раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонзода Саид Қаюм ва ходими шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозорзода Сафаралӣ, аз заҳмату талошҳои ба арзиши ҷон баробари Сарвари давлат баҳри барқарорсозии сулҳу ваҳдат дар сар то сари кишвар, пойдор нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ, баргардонидани гурезагон ба Ватан ва аз бунбасти комуникатсионӣ баровардани давлати тозаистиқлол, инчунин нақши кормандони милитсия дар таҳкими пойдории истиқлолият ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷинояткору ифротгаро ибрози андеша нмуда, зикр карданд, ки Пешвои муаззами миллат баҳри сарҷамъии давлату халқи азияткашидаи тоҷик, хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилӣ ва ба як давлати рӯ ба тарақӣ ниҳодаи Ватани азизу маҳбубамон тамоми ҳастии худро бахшидаанд.
Дар идомаи ин чорабинии тантанавӣ шоирон узви иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ Муҳаммад Ғоиб, Нозирҷон Ёдгорӣ аз ашъори дар васфи Пешвои миллат, Ватан ва Истиқлоли миллати тоҷик таълифнамудаашон назди ҳозирин баромад намуданд.
Сипас дастаи нозирони навраси РБДА ВКД назди ҳозирин бо як барномаи ҷолиби диққат оид ба иҷрои якчанд талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, донишу маҳорати доштаашон дар пешгирии қоидавайронкунӣ баромад намуданд.
Дар қисмати дувуми ин ҷашнвора, сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам, бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандон, ки бо Фармоиши ВКД барои хизматҳои содиқонаву софдилона, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ноил гардидан ба натиҷаҳои назарраси хизматӣ бо рутбаҳои навбатии миёна ва хурди роҳбарикунанда, медали «Милитсияи Тоҷикистон», ҷоизаи «Мулло Нуров», «Ифтихорнома», «Сипоснома» ва «Раҳматнома»-и Вазири корҳои дохилӣ қадрдонӣ шудаанд, тақдим намуд.
Ҳамзамон як қатор собиқадорону нафақахӯрон ва меҳмонони иштирокдошта бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Р.Илёсзода

07.09.2024 14:27
161