Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ду нафар бо ҷурми ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи марди 34-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ворид гардидааст, ки шаби 31-уми августи соли 2024, ҳангоми дар кӯчаи Ҷ.Мирзоқодиров қарор доштанаш  2 нафар шахсони ношинос бе ягон асос ӯро лату кӯб карда аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-12” ва аз тавозуни корти “Душанбе-Сити”-аш 350 сомониро бо роҳи зӯроварӣ ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 1 ҳазору 850 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 21 ва ноболиғи 17-солаи сокинони ноҳияи Вахш ва шаҳри Ҳисор содир намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

06.09.2024 11:00
53