Ошкор шудани фоҳишахона
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 39-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 3-юми сентябри соли 2024, тахминан соати 17:30-дақиқа, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз марди 36 ва зани 30-солаи сокинони ноҳияи мазкур 300 сомонӣ ҳаққи хизмат гирифтааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.