Боздошти марди 25-сола барои расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Бохтар бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 2-юми сентябри соли 2024, тахминан соатҳои 18:40-дақиқа, ҳангоми дар дохили КВД “Бозори Саховат” қарор доштанаш бо марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе баҳсу муноқиша намуда, бо мушт якчанд маротиба ба рӯяш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.