Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои дохилӣ

4 сентябри соли 2024 дар толори асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарият, собиқадорон ва ҳайти шахсии мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳозиринро бахшида ба ин ҷашни таърихӣ ва барои мардуми Тоҷикистон хотирмон самимона табрику муборакбод намуда, барояшон саодату сарбаландӣ, оромиву  осудагӣ ва барору комёбиҳо таманно кард. 
Зикр гардид, ки имрӯзҳо сокинони кишварамон бо ҳисси фараҳу шодмонӣ ва руҳияи баланди идона ҷашни бузургу муқаддаси миллати тоҷик 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ҷашн мегиранд.
Соҳибистиқлолӣ дар тақдири ҳар як мамлакат рӯйдоди бузурги таърихӣ буда, ифодагари орзуву ормонҳои миллӣ мебошад.
Истиқлол имкон дод, ки мо дастовардҳои назаррас, маданияту фарҳанги оламшумул ва эъҷози сулҳофарию тамаддунпарвариро ба ҷаҳониён нишон диҳем ва дарвоқеъ исбот намудем, ки Тоҷикистон кишвари куҳанбунёд буда, дар тӯли таърихи ҳазорсолаҳо бо осори гаронбаҳои мондагор машҳур гардидааст.
Дар ин муддат мо тавонистем, ки ба дастовардҳои беназир дар тамоми соҳаҳои ҳаёт муваффақ гардем.
Маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгирона, хизмату заҳмати устуворона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба ҳадафу мақсади ниҳоии худ, ки аз бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва як давлати аз нигоҳи сиёсӣ орому осуда ва муътадил иборат буд, расидем.
Сипас, Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бузурги миллат 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ табрику таҳният намуда, ба як зумра кормандон мукофотҳои давлатиро супорид. 
Мавриди қайд аст, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ» ба як гуруҳ хизматчиёни низомӣ ва кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус дода шуд. 
Дар ин радиф, 3 нафар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо рутбаи махсуси навбатии «генерал-майори милитсия» сарфароз гардиданд. Аз ҷумла:
- муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо;
- сардори Академияи Вазорати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насуриён Пулод Асадулло;
- сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло.
Бояд тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хизматҳои содиқонаи афсарону кормандони масъул, фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии онҳо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадр карда мешавад.
Зикр гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ чун дигар сокинони саодатманду шарафманди кишвар ҷашни бузурги миллӣ – 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу суботи комил бо рӯҳияи болидаву идона ва амалӣ намудани ормонҳои милливу ватандӯстиву вантандорӣ таҷлил менамоянд.
Дар ҷараёни чорабинии идона бо Фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони милитсия ва собиқадорон бо рутбаҳои навбатӣ, медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаю Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия

04.09.2024 13:09
623