Гирифтани ду автомашинаи гаронарзиш бо роҳи қаллобӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 20-уми апрели соли 2024, ҳангоми дар кӯчаи Ҷ.Расулови шаҳри Душанбе қарор доштанаш ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тайота-Камри-6” ки арзишаш 30 ҳазор доллари амрикоӣ ва 1-адад автомашинаи тамғаи “Ниссан-Арманд” арзишаш 55 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, тариқи насия гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати ду моҳ маблағҳояшро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.