Тамошои дастаҷамъонаи «Дарси сулҳ» дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳро, ки дар МТМУ №19 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гашт, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла дастгоҳи марказии Раёсати ВКД низ дастаҷамъона мустақиман тамошо карданд.
Ба ғайр аз кормандони ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар Рӯзи дониш ба муассисаҳои таълимӣ сафарбаргардида дигарон дар толори бинои хизматӣ баҳри тамошои мулоқоти самимии Роҳбари давлат бо аҳли маориф ҷамъ омада вобаста ба сатҳи таълиму тарбия, имкониятҳои илму касбомӯзӣ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар самти сохтмони муассисаҳои таълимӣ, сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат, раванди амалишавии ислоҳот дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ва вазъи сиёсии дохил ва хориҷи кишвар аз баромади пурмуҳтавои Пешвои миллат маълумот гирифтанд.
Чун анъана ҳамасола оғози соли хониш дар Тоҷикситони соҳибистиқлол бо дарси сулҳ ва шунидани суханони ҳикматомӯзи Президенти маҳбуб оғоз гардида, Пешвои муаззами миллат ба аҳли илму маорифи мамлакат ва ҷомеаи Тоҷикистон дастурҳои муҳим, ҷиҳати ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсаднок бо назардошти арзишҳои миллӣ, таваҷҷуҳ кардан ба саводу дониш ва хираду маърифат медиҳанд. Зеро таваҷҷуҳ ба соҳаи илму маориф аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки насли оянда саводноку соҳибмаърифат ба камол расад.
Кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд бо тамошои Дарси сулҳ кӯшиш хоҳанд кард, ки дар фаъолияти хизматӣ муҳтавои баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷойҳо амалӣ намоянд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия