Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани дуздии маблағ аз ҳамёни электронӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумон содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 10-уми январи соли 2023, тахминан соати 11:20-дақиқа ба сартарошхона, воқеъ дар маҳаллаи 33-юми ноҳияи Сино ворид гардида, бо баҳонаи занг задан аз устои сартарош марди 30-солаи сокини пойтахт телефони мобилии тамғаи “Айфон 8”-ро гирифта ба берун баромада, муддати 7-дақиқа ғайб зада ғайриқонунӣ иттилооти компютериро ба даст оварда, аз ҳамёни электронии рақами телефони мобилии ҷабрдида 12 ҳазор сомониро тариқи пинҳонӣ тасарруф намудааст. 
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки қаблан бо қисми 2 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, 31-уми августи соли 2024, тахминан соати 08:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз он ҷо 47 ҳазору 600 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

02.09.2024 16:03
61