Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 26-сола бо ҷурми одамкушӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, моҳи декабри соли 2022 бо духтари 22-солаи сокини ҳамон ҷо ақди никоҳи мусалмонӣ баста, якҷоя зиндагӣ намудаанд. 
Гумонбаршаванда бинобар сабаби нигоҳубин накардани модараш аз ҷониби ҳамсараш, санаи 31-уми августи соли 2024, тахминан соати 14:00, ҳамсарашро ба дохили  таҳхонаи  ҳавлии истиқоматиашон дароварда, бо рӯймоли сараш ӯро бӯғӣ карда, қасдан аз ҳаёт маҳрум намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

02.09.2024 15:52
37