Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, дар асоси фармони директори генералии ҶДММ «Таҷеро-Суғд» аз 2-юми январи соли 2019 дар ҷамъияти мазкур ба ҳайси намояндаи тиҷоратӣ фаъолият намуда, моҳҳои май-июни соли 2024 тибқи борхатҳо аз анбори ҷамъияти мазкур барои ба мизоҷон супоридани якчанд намуд маҳсулоти қаннодӣ ва маблағи 605 ҳазору 955 сомониро гирифта, аз онҳо маблағи 140 ҳазору 51-сомониашро ба хазинаи ҷамъият супорида, боқимонда маблағи 465 ҳазору 893 сомониро азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

30.08.2024 17:40
65