Дастгир гардидани якчанд ноболиғ бо ҷурми дуздӣ
Дастгир гардидани якчанд ноболиғ бо ҷурми дуздӣБа ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 36-солаи сокини ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст, ки 23-юми августи соли 2024, тахминан соати 23:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, ки дар маҳаҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе беназорат меистод, 20 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғи 13-солаи сокини шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 37-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ворид гардидааст, ки 26-уми августи соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар маркази савдои “Садбарг” аз хазинаи мағозаи №7 2 ҳазору 500 сомонӣ ва 500 доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.