Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳушдор ба нафароне, ки ба фолбинону ҷодугарон ва сеҳру ҷодуи онҳо боварӣ доранд

Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои оперативӣ - профилактикӣ маълум гардид, ки баъзе шаҳрвандон ба сеҳру ҷоду бовар намуда, ба назди фолбинону ҷодугарон рафта, барои амалӣ намудани амалҳои ҷинояткоронаи онҳо маблағ дода, ба гуфтаи онҳо боварӣ намуда истодаанд.
Танҳо дар як моҳи охир зиёда аз 150 нафар чунин ашхос ба қайди Вазорати корҳои дохилӣ ворид гашта, нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида шуда истодааст. 
Бинобар ин, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд барои пешгирии чунин қонуншиканиҳо тамоми шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинону ҷодугарон мераванд, онҳо низ ба Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ даъват гардида, мавод тартиб дода шуда, дар махзанҳои ВКД бо расмҳояшон гузошта мешаванд.

27.08.2024 20:50
328