Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллату давлатанд

Шумо - ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш доред.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи яке аз Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон рӯ оварда таъкид доштанд, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Таъкид гардид, ки мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи кишвар ва умеди фардои дурахшони давлату миллат эътироф шудаанд, ки албатта чунин таваҷҷуҳ, пеш аз ҳама, аз ҷавонон масъулиятшиносиро талаб менамояд. 
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тарбияи кадрҳои ҷавону баландихтисоси ҳарбӣ ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии онҳо ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Дар ин росто роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба масъалаи боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи касбии устодону омӯзгорон, ҷалби мутахассисони баландихтисос ва таълиму тарбияи мутахассисони оянда, хусусан, кадрҳои ҷавону болаёқат эътибори аввалиндараҷа медиҳанд.
       Маркази таълимии Вазорати корҳои Ҷумҳурии Тоҷикистони яке аз сохторҳои таълимии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор рафта, барои ба амал баровардани дастур ва он вазифаҳое, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба души он вогузор намудааст, масъул мебошад.  
      Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки дар Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли ҷорӣ тибқи нақшаи тасдиқгардидаи роҳбарияти Вазорати корҳои доҳилӣ ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ зиёда аз 150 нафар афсарон, прапоршикон ва сержантон фаро гирифта шуданд.
Дар ин давра бо мақсади амалӣ намудани фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ташкил намудани ҷамъомади таълимӣ - ибтидоии шунавандагони муассисаҳои олии ВКД Федератсияи Россия ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази таълимӣ” ҷиҳати сифатнок, ба дараҷаи баланд омода намудан ва барои бомуваффақият идома додани таҳсил дар муассиҳои олии таълимии ВКД Федератсия Россия ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Узбекистон дар моҳи августи соли ҷорӣ курси омӯзишӣ-таълимӣ ба роҳ монда шуд.
        Дар Марказ шунавандагон бо ҳуҷра ва ҷиҳози хоб, либоси низомӣ ва дар се вақт бо хӯроки гарм таъмин шуданд. Дар Маркази таълимӣ синфхонаҳо барои гирифтани таълимоти ҳарбӣ ва омодагии ҷисмонӣ омода буда, тибқи нақшаҳои дарсӣ дар мувофиқа бо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ аз тарафи омӯзгорон ба онҳо дарсҳои забони русӣ, машғулиятҳои илмӣ-назариявӣ ва амалияи сафороӣ гузаронида шуданд. 
Дар ин радиф боздиди Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз Маркази таълимӣ 17-уми августи соли 2024 худ шаҳодати он мебошад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ ҳамеша ба раванди омодагии касбӣ, ҷисмонӣ, худшиносии миллӣ, зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шунавандагон ва кормандони курсҳои бозомӯзӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекунанд.
        Дар Маркази таълимӣ дар муддати 20 шабонарӯзи омӯзишӣ шунавандагон барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои олии ВКД Федератсияи Россия ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон омода карда шуданд.
Барои иҷрои ин рисолати пуршараф, яъне тарбиятгарӣ саҳми устодону омӯзгорон ва афсарон назаррас буда, онҳо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва муносибати ғамхорона нисбат ба шунавандагон дар таълиму тарбияи насли далеру шуҷои Ватани азизамон пайваста кӯшишу талош меварзанд.
Ғайратзода Ф.Ҳ., сардори сикли фанҳои касбии Маркази таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия   

26.08.2024 15:13
65