Дастаи "Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ" дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи сеюм гардид
Тибқи Қарори Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо - узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таҳти №29/6-535 аз 28 марти соли 2024, аз 21-ум то 24-уми августи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон Озмуни байналмилалии "Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ" баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур 6 давлат, аз он ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Белорусия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд.
Дар чорабинии мазкур дастаи "Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод иштирок намуданд.
Озмун дар сатҳи баланд баргузор гардида, аъзоёни дастаи "Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои сеюмро сазовор гардиданд.
Мақсади асосии озмун аз инкишоф додани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, гирифтани пеши роҳи фалокатҳои роҳу нақлиёт, фаҳмонидани оқибати онҳо ба кӯдакону наврасон ва ҷалби таваҷҷӯҳи ташкилоту идораҳои марбута дар ин самт иборат мебошад.