Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз беэҳтиётӣ ба марг расондани кӯдаки хурдсол

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан ва дар хатар монондан дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда,  19-уми августи соли 2024, тахминан соати 23:30-дақиқа воситаи механикии сечархаи тамғаи «Fupenq»-ро дар ҳамшафати манзили истиқоматиаш идора намуда, аз уҳдаи идораи воситаи механикӣ набаромада, маҳз аз рӯи муносибати бепарвоёна бо қисмати паси воситаи механикӣ фарзанди хурдсоли 3-солаашро пахш намуда, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Номбурда бо мақсади пинҳон доштани ҳодиса  фарзанди хурдсолашро дар вазъияти барои ҳаёт ва саломатиаш хавфнок қарор дода, ба ӯ ёрӣ нарасонида, ҳаёташро дар хатар мононда, ба беморхона дастрас накардааст. 
Дар натиҷа, фарзанди хурдсолаш аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 108 ва қисми 2 моддаи 127 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

24.08.2024 8:52
75