Ошкор шудани ҳолати тамаъҷӯӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор аризаи марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 19-уми августи соли 2024, тахминан соати 11:00, шахсони номаълум бо мақсади тамаъҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор ӯро бо роҳи зӯроварӣ ва таҳдиди корд дастгир намуда, дастону пойҳо ва даҳонашро бо скоч баста, ӯро ба автомашинаи шахсиаш тамғаи “Тайота-Прадо” маҷбуран шинонида, ба ҷойи беодам бурда тахминан то соати 20:00 лату кӯб намуда, аз ҷайбаш 80 сомониро тасарруф намуда, бо таҳдиди куштан аз ӯ талаб кардаанд, ки ба онҳо 50 ҳазор сомонӣ диҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 28-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо маслиҳати пешакӣ бо рафиқаш ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Ёвон содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.