Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонии вазирони корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия

Имрӯз, бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба ҳодисаи гаравгонгирӣ дар муассисаи ислоҳии  низомаш сангини шаҳри Суровикини вилояти Волгогради Федератисияи Россия сӯҳбати телефонии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири корҳои дохилии Федератисияи Россия генерали политсияи Федератсияи Россия Колоколтсев Владимир Александрович доир гардид.
Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо оиди дар ҳамбастагӣ таъҷилан андешидани чораҳои зарурӣ баҳри муайян ва дастгир намудани дигар аъзоёни ташкилоти терористие, ки ҷинояти мазкурро содир намудаанд ва барои гузаронидани ҳаракатҳои муштараки оперативӣ-тафтишотӣ  ба мувофиқа расиданд.     

23.08.2024 20:02
318