Ошкор шудани ҳолатҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 1-уми декабри соли соли 2022 ба ҳайси намояндаи бренди «Шедрое Лето» ба кор қабул гардида ва дар давраи кориаш аз 9-уми январ то 1-уми июли соли 2024 аз амбори ҷамъият маҳсулоти хӯрока, яъне равғани растании «Шедрое Лето» ва маргарини «Шедрое Лето»-ро қабул намуда, ба нуқтаҳои муайянгардида дастрас накарда, ба дигар мағозаҳои шаҳру ноҳияҳо бурда, ба фурӯш гузоштааст, ки ба корхонаи мазкур ба маблағи 372 ҳазору 720 сомонӣ зарари молу мулкӣ расонидааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз соли 2022 то 1-уми августи соли 2024 дар ҶДММ “Таджеро” ҳангоми кору фаъолият карданаш, маҳсулоти хурокворӣ, ҷамъ ба маблағи 68 ҳазору 955 сомониро азонихуд карда ва маблағҳои ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки марди 56-солаи сокини ноҳияи Деваштич моҳи сентябри соли 2023 бо роҳи азонихудкунӣ ба боварии 14 нафар саҳмдорони деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич даромада, бо мақсади кофта додани чоҳи амудӣ аз ҳамаи 14 нафар шаҳрвандон дар умум 33 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ба манфиати худаш сарф намуда, ба сокинони ин деҳа зарари моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷинояитии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.