Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани амволи шаҳрванд
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 26-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 18-уми августи соли 2024, тахминан соати 23:50-дақиқа, дар назди манзили истиқоматиаш бе ягон асос ӯро се нафар шахс мавриди лату кӯб қарор дода, дастгоҳи наворбардорӣ ва 1-адад телефони мобилиашро шикаста корношоям намудаанд.
Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро мардони 36, 33 ва 48-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.