Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо як зумра кадрҳои ҷавон
21 августи соли 2024 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо як зумра хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳои ҳуқуқшиносӣ ва Академияҳои Вазоратҳои корҳои дохилии хориҷи кишвар, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фиристода шуда буданд, вохӯрӣ доир намуд.
Мавриди қайд аст, ки хатмкунандагони мазкур бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар самтҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ ба вазифаҳои муфаттиш, ваколатдори оперативӣ ва ташхисгар (эксперт) –криминалист таъйин гардиданд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни суҳбат бо кадрҳои ҷавон онҳоро ба муносибати таъйин шуданашон ба вазифаҳои муҳиму масъулиятнок табрику таҳният намуда, барояшон дар ҷодаи хизмати бошарафона ба Ватан, барору комёбиҳо таманно кард.
Зикр гардид, ки афсарони ҷавон - ҳомиёни ҳуқуқро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ ва сайқал додани илму дониши худ пайваста саъю талош намуда, дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Изҳори итминон карда шуд, ки кадрҳои ҷавон рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия