Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатми курси омӯзишӣ-таълимӣ дар Маркази таълимии ВКД

20 августи соли 2024 дар Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба хатми «Курси муборизони ҷавон» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар «Курси муборизони ҷавон» курсантон ва шунавандагоне, ки имсол ба донишгоҳу донишкада ва Академияҳои Вазоратҳои корҳои дохилии хориҷи кишвар дохил гардиданд, аз 1-ум то 20-уми август ба курси омӯзишӣ-таълимӣ фаро гирифта шуданд. 
Чорабинии тантанавиро сардори Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Аълозода М. оғоз намуда, курсантон ва шунавандагонро бо ин рӯзи хотирмон табрику таҳният намуда, зикр кард, ки албатта, ин давраи басо муҳим ва ҳассос барои ин ҷавонон мебошад. Зеро, маҳз дар ҳамин рӯзҳо дарси диловарию мардонагиро сипарӣ намуда бо бисёре аз урфу одати наврасиашон хайрухӯш намуда, комилан шахсони дигар шуда ба таълимгоҳашон бармегарданд.
Раванди гузаштани курси мазкур аз оғоз то анҷом зери таваҷҷуҳи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қарор дошт.
Зикр гардид, ки дар «Курси муборизони ҷавон»  курсантону шунавандагон давраи ибтидоии хидмат, давраи аввали омодагии ҳарбӣ дар мақомоти корҳои дохилиро гузашта, барои таҳсили минбаъда дар донишгоҳу донишкада ва Академияҳои Вазоратҳои корҳои дохилии хориҷи кишвар ҳамаҷониба омода мешаванд.
Бояд қайд кард, ки ин ҷавонон дар «Курси муборизони ҷавон» таҳкурсии ояндаи касби интихобкардаи худро гузошта, риштаҳои дӯстию рафоқатро мустаҳкам намуда, ҳисси эҳтиром ва принсипҳои инсондӯстиро дар фаъолияти минбаъдаи худ истифода мебаранд.
Дар хотимаи чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ба курсантоне, ки дар раванди «Курси муборизони ҷавон» аз худ малакаю маҳорати баланд ва фаъолнокӣ нишон доданд, бо Раҳматнома ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. 
Гул Маҳбуба

20.08.2024 17:51
109