Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар
18-уми августи соли 2024, тахминан соати 19:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Дамас», Турсунов Мақсудалӣ Умматалиевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Конибодом дар шоҳроҳи мошингарди «Конибодом-Хуҷанд-Деҳмой», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, бо автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», таҳти идораи Ғафуров Зариф Шарифович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Конибодом, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Дэу-Дамас», Турсунов М.У. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили автомашина Тошпулотов Муминҷон Мансурович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Конибодом ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», Ғафуров З.Ш. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаридаанд.
19-уми августи соли 2024, тахминан соати 05:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Азизов Ҷавшан Шоисматович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Айнӣ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе, дар шоҳроҳи «Душанбе-Чаноқ», дар км 160+200-и ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳи мазкур баромада, ба кӯҳ бархӯрда, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Азизов Ҷ.Ш. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи мазкур Салимзода Фарҳод, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Норак, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.