Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсии ДТММ дар вилояти Суғд
20 августи соли 2024 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари хизматӣ ба вилояти Суғд бо ҳайати шахсии Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар вилояти мазкур вохӯрда, бо шароити хизматии онҳо аз наздик шиносоӣ пайдо кард.
Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ кормандону афсаронро ба хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки барои ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол доимо омода бошанд.
Қобили зикр аст, ки Дастаи таъиноти махсуси милитсия ҳамеша аз ғамхории роҳбарияти олии мамлакат бархурдор буда, шаҳрвандони кишвар аз хизмати софдилонаи онҳо ифтихор доранд.