Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз Маркази таълимии ВКД
17 августи соли 2024 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода аз Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ боздид ба амал оварда, аз шароит ва фаъолияти он аз наздик шиносоӣ пайдо кард.
Вазири корҳои дохилӣ аз рафти бозомӯзӣ, гузаронидани дарсҳои таълимӣ, синфхонаҳо, ошхона ва шароити моддӣ-маишии маркази мазкур дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва таъмиру таҷдиди марказ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Мавриди қайд аст, ки тамоми нафароне, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ ба кор қабул карда мешаванд, ҳатман дар Маркази таълимии мазкур аз курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ мегузаранд.
Айни ҳол, дар ин марказ курсантон ва донишҷӯён ба курсҳои омӯзишӣ-таълимӣ фаро гирифта шуда, бо тамоми шароити мусоид таъмин мебошанд.
Гул Маҳбуба