Дастгир гардидани якчанд нафар бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 14-уми августи соли 2024, тахминан соати 11:00, дар кӯчаи А.Ғуломови шаҳри Душанбе шахсони номаълум бе ягон асос бо ӯ муноқиша намуда, аз гарданаш ӯро бӯғӣ карда, бо тариқи зӯроварӣ ва ошкоро аз ҷайбаш 800 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 35 ва 39-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи ҷавони 18-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 7-уми августи соли 2024, тахминан соатҳои 22:00 ба 23:00 дар назди ҶДММ “Ғайрат”-и шаҳри Кӯлоб қарор доштанаш шахсони номаълум бо тариқи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «ТЕКНО-СПАРК-20», ки арзишаш 2 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ду ҷавони 18-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб, ки якеашон пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.