Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаҳои ҷашнии варзишӣ дар ВКД

Рӯзҳои 15 то 31-уми августи соли ҷорӣ дар Варзишгоҳи «Спитамен»-и Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД миёни воҳидҳои сохтори ВКД бахшида ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти шиори «Маърифати ҳуқуқӣ - ҳамчун падидаи нодир ва бебаҳо» мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставии вазнбардорӣ ва волейбол гузаронида мешавад.
Мақсад аз баргузории мусобиқаҳо, пеш аз ҳама тарғибу ташвиқ ва рушди варзиш, тарзи ҳаёти солим, такмили минбаъдаи тайёрии ҷисмонӣ, инчунин хотирмон гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ мебошад.
Тавре дар рӯзи аввали чорабинӣ масъулини Шурои ҷумҳуриявии «Динамо» иброз доштанд, шумораи варзишгарон аз намуди вазнбардорӣ аз ҷузъу томҳои ВКД 15 даста дар ҳайати 70 варзишгар иштирок намуданд. Бояд зикр намуд, ки варзишгарон дар ин сабқат аз рӯйи 5 вазн бо ҳам сабқат намуданд.
Ҳамин тавр, дар ин намуди мусобиқа варзишгарон аз рӯйи дастаҳо муайян карда шуда, ҷойи аввал насиби варзишгарони дастаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва зинаи дуюм бошад, ба дастаи варзишии Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва ҷойи сеюмро тими варзишии Раёсати воҳидҳои таъиноти махсус ба даст оварданд.
Дар охир аз тарафи роҳбарияти ВКД ба ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқа Ифтихорнома, Сипоснома, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ

16.08.2024 17:49
145