Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аз гаравгон озод карда шуданд

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонов Х.Х., Бозоров А.А., Назаров Ҳ.А. ва Ғайратзода А.Н., ки бо баҳонаи дастрас намудани раводиди Амрико бо роҳҳои қаллобии интернетӣ аз ҷониби гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бурда шуда, дар шаҳри Теҳрон бо мақсади ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ ба гарав гирифта шуда буданд, дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар озод карда шуда, ҷинояткорон дастгир карда шуданд.
Дар ин робита, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми чунин гуруҳҳои ҷиноятӣ наафтида,  ба ҳар гуна эълону пешниҳодҳо вобаста ба гирифтани раводид ҷиҳати сафар намудан ба кишварҳои хориҷӣ бовар накунанд. 

15.08.2024 19:37
283