Мулоқоти судманд бо Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
15 августи соли 2024 мулоқоти вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Алиризо Ҳақиқиён баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, таъмини амният ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳро баррасӣ намуданд.