Таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти татбиқи Барномаи ислоҳоти милитсия
13-уми августи соли ҷорӣ вохӯрии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиалло Азизуло бо сардори шуъбаи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддири Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе ҷаноби Браям Гиллепси баргузор гардид.
Зимни вохурӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Сафиалло Азизулозода ба намояндаи Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе ҷаноби Браям Гиллепси барои ҳамкорӣ ва дастгириҳо, ки ба таҳкими инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ, таъмини ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии силоҳ, маводи мухаддир, инчунин оид ба масъалаҳои тайёр намудан, таълим ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат мекунанд, изҳори сипос намуд.
Ҷонибҳо дар зимн вобаста ба масъалаҳои ба нақшагирифташудаи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 дар шаҳри Душанбе, аз қабили таъсис додани милитсияи патрулӣ, вусъат бахшидан ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа, омода намудани мутахассисони соҳавӣ ва таъсис додани махзанҳои электрониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои минбаъда дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия, мубодилаи иттилоот ва омӯзиши таҷриба табодули афкор намуданд.