Ба амал омадани се ҳодисаи нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар
6-уми августи соли 2024, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ботиров Қузратулло Сафарович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди шаҳри Левакант аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии тахминан 15 метр сарозер чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саидов Муҳаммадмуссо Султонович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Кӯшониён дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
7-уми августи соли 2024, тахминан соати 02:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Довлун”, Муҳаммади Ғаюри Пирзода, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии тахминан 3 метр сарозер чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Муҳамади Ғ.П ва писари хурдсолаш Пирзода Ёсин Муҳаммадӣ, соли таваллудаш 2016, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
7-уми августи соли 2024, тахминан соати 06 ба 07:00, ронандаи автомашинаи шахсияташ номаълум ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Қубодиён ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мирзошарипов Ҷурабек, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Ҷ.Балхиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа пиёдагард Мирзошарипов Ҷ.М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Урунов Шаҳзод, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи мазкур дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.