Ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар Ховалинг ва Истаравшан
5-уми августи соли 2024, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Камолов Аҳтам Исупович, соли таваллудаш 1952, сокини ноҳияи Ховалинг ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Ховалинг, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Азимова Султонби Дустмуродовна, соли таваллудаш 2014, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
5-уми августи соли 2024, тахминан соати 18:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра-Караван», Ҳоҷиев Акбар Аҳмадович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар 228-ум километри шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ", дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори шоҳроҳ баромада, автомашинаро чаппа кардааст.
Дар натиҷа, худи ронандаи автомашинаи мазкур Ҳоҷиев А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.