Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар тайи ду рӯз 

3-юми августи соли 2024, тахминан соати 04:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Гулов Маҳмадшариф, соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти шаҳри Душанбе, дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи “Дулон”, таҳти идораи Сироҷев Шерали Асрорович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Гулов М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони автомашинаи мазкур Гулова Авзалмо Маҳмадшарифовна, соли таваллудаш 1986 ва ноболиғ Мустафои Розиқзода, соли таваллудаш 2022, сокинони ноҳияи Ҷайҳун ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
3-юми августи соли 2024, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Мирзоев Саидмаъруф Ҳалимович, соли таваллудаш 1959, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Восеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти М.Вайсов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи боркаши тамғаи “Зил 130”, таҳти идораи Қурбонов Бозорали Баҳодурович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳияи Восеъ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Мирзоев С.Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
3-юми августи соли 2024, тахминан соати 12:30- дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳимов Муродали Ҳасанович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Данғара, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада автомашинаро чаппа кардааст. 
Дар натиҷа, худи ронанда Раҳимов М. ва мусофираш Розиқов Насрулло, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Данғара дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур Исмоилова Тозагул, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Данғара, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
3-юми августи соли 2024, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Розиддинзода Аслиддин, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Хуҷанд-Исфара», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зумради шаҳри Исфара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Ахмедов Маҳмудҷон Эргашевич, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Хуҷанд, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Розиддинзода А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, мусофири автомашинаи мазкур, ноболиғ Болтабоев Равзатилло Розиддинович, соли таваллудаш 2014, сокини шаҳри Исфара, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба халокат расидааст. 
4-уми августи соли 2024, тахминан соати 13:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Леап-мотор С11” Розиев Аҳлиддин Сафаралиевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди  "Ваҳдат-Душанбе", дар ҳудуди шаҳраки Ганҷободи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Қодиров Боймуҳаммад Абудунабиевич, соли таваллудаш 2012, сокини ноҳияи мазкур, ки бо хатти пиёдагард роҳи автомобилгарди мазкурро убур карда мегузашт, пахш намудааст. 
Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол Қодиров Б.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тадқиқот идома дорад.

05.08.2024 18:25
64