Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ дар ҳаҷми 660 ҳазор сомонӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки 30-юми апрели соли 2024 марди 64-солаи сокини шаҳри Турсунзода ва писараш марди 31-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ду автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 660 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додаанд, ки автомашинаҳои мазкурро дар муддати 2 моҳ фурӯхта маблағашонро бармегардонанд, вале гумонбаршавандагон автомашинаҳоро фурӯхта маблағи ба дастовардаашонро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.