Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвияти ҳамкориҳо дар самти амалишавии Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025

2 августи соли 2024 дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи чорабиниҳои муштараки ВКД ва Дафтари барномавии САҲА дар ш.Душанбе барои соли 2024 бо намояндагони Дафтари барномавии САҲА дар ш.Душанбе вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохурӣ  Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло,  сардори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ полковники милитсия Баротзода Тоҳир Барот, мушовири  дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Мирослав Милоевич ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар  вохӯрӣ натиҷаи сафари Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Босния ва Ҳерсоговина, ки рӯзҳои 1-7 июли соли ҷорӣ анҷом дода шуда буд, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Доир ба матлаби баргузории ҷаласа фикру андешаҳои ҳайати Гурӯҳи корӣ оид ба низоми политсияи Федератсияи Босния ва Ҳерсоговина, механизми кории онҳо, санадҳои меъёрии ҳуқкуқии танзимкунандаи фаъолияти политсия, маҳзанҳои маълумотдиҳӣ, низоми ҷории таълими курсантон ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ шунида шуд.
Дар анҷоми ҷаласа пешниҳодҳои ҳайати Гурӯҳи корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

03.08.2024 17:35
45