Ошкор шудани қаллобӣ вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 57-солаи сокини шаҳри Панҷакент соли 2012 бо роҳи фиреб ба боварии марди 54-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.