Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД

30 июли соли 2024 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД ташриф оварда, бо фаъолият ва шароити фароҳамгардида дар он аз наздик шиносоӣ пайдо кард. 
Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид бо шароити хизматбарӣ ва таъминоти моддӣ-маишии ротаи қаровулӣ аз ҳисоби сарбозони қисми ҳарбии Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ шинос гардида, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматии онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин Вазири корҳои дохилӣ  бо фаъолияти самарабахши Корхонаи дӯзандагии раёсат, ки моҳи ноябри соли 2019 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳбабардорӣ қарор гирифтааст, шинос гардида, бо кормандзанони ин коргоҳ вохӯрӣ доир намуд.
Барои иҷрои уҳдадориҳои кории худ ба онҳо миннатдорӣ баён карда, ҷиҳати ҳавасмандсозӣ, таъмин намудан бо маводи хӯрока ва сабзавоту меваҷоти тару тоза ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Мавриди қайд аст, ки корхонаи дӯзандагӣ дорои 375 мошинаи дӯзандагӣ буда, наздики 300 нафар занону духтарони хонашин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Дар баробари ин, Вазири корҳои дохилӣ аз анборҳои нигаҳдории либосаву хӯрокаи раёсати мазкур дидан намуда, барои боз ҳам хубтару беҳтар намудани шароити онҳо як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

30.07.2024 23:03
293