Расонидани зарари вазнин ба саломатии бародар
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумон қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 29-уми июли соли 2024, тахминан соати 02:00, ҳангоми дар манзили истиқоматиашон қарор доштанаш бо бародараш ҷавони 21-сола муноқиша намуда, бо корди ошхонагӣ 2 маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.