Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ
28 июли соли 2024 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои нави маъмурии қисми ҳарбии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар дидан намуда, барои сари вақт ва дар муҳлати муайянгардида ба итмом расонидани сохтмон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.