Ифтитоҳи ҳавзи шиноварӣ дар шаҳри Бохтар
28 июли соли 2024 дар маракази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар ҳавзи шиноварӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва Давлаталӣ Саид Раиси вилояти Хатлон ба истифода дода шуд.
Ҳавзи шиноварӣ бо сатҳу сифати баланд сохта шуда, мусобиқаҳои варзишӣ минбаъд дар ин ҷо гузаронида мешаванд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни суханронӣ ҳозиринро табрик намуда, ин иқдомро барои рушди варзиши шиноварӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.