Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълони озмуни «Як гӯшаи зебои минтақаи хизматии ман»

Ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии "Қонун ва ҷомеа" бо мақсади инъикоси нақши кормандони милитсия, аз ҷумла нозирони минтақавӣ дар маҳали хизмат, нишон додани як гӯшаи зебои минтақаи хизматӣ, ки як гӯшаи Тоҷикистони азиз маҳсуб меёбад, баланд бардоштани завқи зебоипарастии кормандон ва муаррифии ҷойҳои зебои Ватани азизамон, инчунин тарғиби ҳамкории тарафайни кормандони милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дастоварду пешравиҳои минтақаи хизматӣ, озмуни «Як гӯшаи зебои минтақаи хизматии ман»-ро эълон менамояд. 
Ба озмун танҳо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он, мақолаҳои худро пешниҳод карда метавонанд.
Озмун дар як давр тавассути ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии "Қонун ва ҷомеа" гузаронида шуда, қабули мавод то 1-уми ноябри соли 2024 идома меёбад.
Маросими ҷамъбасти озмун аз 1-ум то 10-уми ноябри соли 2024 бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баргузор карда мешавад.
Дар вақти холгузорӣ ба мақолаи беҳтарин, шеър, лавҳа ва дигар матолиб, бо пешниҳоди аксҳои ҷавобгӯ ба матн, ки дар онҳо бояд як гӯшаи минтақаи хизматӣ, ободониву зебоии як гӯшаи диёр, сатҳи баланди ҳамкории милитсия бо аҳолии минтақаи хизматӣ ҳамаҷониба инъикос ёфта бошанд, ба назар гирифта мешаванд. Матлабҳо бо ишораи «Ба озмуни «Як гӯшаи зебои минтақаи хизматии ман»» тариқи суроғаи электронии ҳафтаномаи "Қонун ва ҷомеа": qonun2020@mail.ru қабул карда мешаванд. 
Бо мақсади ташкили самарабахши озмун дар ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии "Қонун ва ҷомеа" ҳайати комиссия аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД, омӯзгорони соҳаи ҳуқуқ ва забони Академияи ВКД  созмон дода мешавад.
Маросими ҷамъбасти озмун дар арафаи Рӯзи милитсияи Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ВКД дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, ғолибони он дар рӯзи ҷамъбастӣ бо "Ифтихорномаи фахрии ВКД", "Сипоснома"-и ВКД ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Қадрдонӣ чунин сурат мегирад:
Ҷойи 1-ум "Ифтихорномаи фахрии ВКД" - 3000 сомонӣ;
Ҷойи 2-юм "Ифтихорномаи фахрии ВКД" - 2000 сомонӣ; 
Ҷойи 3-юм "Ифтихорномаи фахрии ВКД" - 1000 сомонӣ.
Инчунин, барои 3 ҷойи ифтихорӣ ба ҳар кадоме "Сипоснома"-и ВКД ва туҳфаи хотиравӣ муайян гардидааст.

27.07.2024 1:09
84