Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпии шаҳри Париж иштирок менамоянд

20-уми июли соли 2024 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бо як зумра варзишгарони муваффақ, аъзоёни Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва варзишгарони шиновари кишварамон, ки дар Бозиҳои 33-юми олимпии шаҳри Парижи Фаронса иштирок менамоянд, вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ котиби генералии Федератсияи миллии шиноварии ҷумҳурӣ Муҳаммадшо Абдуллозода, капитани милитсия Мавзуна Чориева, лейтенанти калони милитсия Миҷгона Самадова, лейтенанти милитсия Сомон Маҳмадбеков, варзишгарони шиновар Екатерина Бордачёва, Мадкамов Фахриддин, Якубова Марям, Якубова Сабрина, Холиқова Эмилия ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода варзишгаронро барои омодагии ҷиддӣ дидан ва дар сатҳи баланд нишон додани маҳорату малакаи касбӣ дар ин чорабинии муҳими варзишии сатҳи ҷаҳонӣ ҳидоят намуда, ба ҳамаи онҳо барору комёбиҳо таманно кард.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки варзишгарони кишварамон дар Олимпиадаи мазкур лоиқу сазовор баромад намуда, бо ишғоли мақомҳои ифтихорӣ номбардори кишвару Ватани хеш мегарданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, варзишгарон аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ бо маблағҳои пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 33-юми олимпӣ аз 26 июл то 11 августи соли 2024 баргузор мегарданд. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10500 варзишгар аз 206 давлати дунё дар назар аст.
Гул Маҳбуба

20.07.2024 11:59
46