Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи ноябри соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 26-солаи сокини шаҳри Панҷакент даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тайота-Ландкрузер 200»-ро ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази маблағи мазкур як манзили истиқоматии масоҳаташ 106,1-метри мураббаъро, ки дар кӯчаи Лучоби шаҳри Душанбе қарор дорад, ҳуҷҷатгузорӣ карда ба ӯ медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 15-уми майи соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз онҳо 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус”-ро ба маблағи 390 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағи автомашинаро пас аз 2 моҳ бармегардонад, аммо номбурда автомашинаи мазкурро ба гарав гузошта, 200 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.