Дастгир гардидани зани 36-сола бо ҷурми дуздӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 36-солаи сокини ноҳияи Деваштич ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 18-уми июли соли 2024, тахминан соати 12:30-дақиқа, ба назди мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрока, воқеъ дар ҶДММ «Бозори Ашраф»-и ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов омада, аз хазинаи мағоза, ки ба зани 66-солаи сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дорад, 3 ҳазору 900 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.